Телевизиони Тоҷикистон

Тибқи нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1956 сохтмони бинои телевизион ва маркази техникӣ оғоз ёфта, соли 1959 корҳои сохтмонӣ бо васли таҷҳизоти техникӣ анҷом ва ба истифода дода шуда, ба вазифаи аввалин Директори телевизиони Тоҷикистон нозири (инспектор) шӯъбаи таблиғотии КМ ҲК Тоҷикистон Обид Ҳомидов таъин шуд. Аввалин сармуҳарррири телевизион Иброҳим Раҳматов буд ва барои равнақи кори телевизиони навтаъсис ҳамчунин мутахассисон Зайнаб Ғуломова, Улмасой Мухторова, Акбар Ҷураев, Пулодой Азимова, ки маълумоти филологӣ доштанд ба кор даъват шуданд. Телевизиони Тоҷикистон 3 октябри соли 1959 ба кор шуруъ намуд, ки ин як руйдоди фарҳангӣ дар ҳаёти Тоҷикистон буд.

Студияи телевизиони Тоҷикистонро нахустин наттоқон Рафоат Абдусаломова ва Валентина Исоева бо салому паёми худ ба экрани телевизон ҳусни оғоз бахшиданд. Дар ҳар як хонадони тоҷику тоҷикистонӣ барномаи аввалини телевизиони ҷумҳурӣ намоиш дода шуд. Барномаи аввалин асосан таҷрибавӣ буданд. Барномаи иттилоотии «Ахбор» аз 3 дақиқа иборат буд, дигар филмҳои кӯтоҳметражи ҳуҷҷатию тасвирӣ намоиш дода мешуданд.

Намоишҳои аввалини Телевизиони Тоҷикистон қариб якуним соат давом мекард. То охири соли 1960-ум ҳаҷми барномаи иттилоотии «Ахбор» 10 дақиқа ва ҳаҷми умумии барномаҳои ҳаррӯза ба 3 соату 30 дақиқа расонида шуд. Мутобиқи маълумоти оморӣ соли 1959 дар пойтахт-шаҳри Душанбе наздики 300 адад телевизор мавҷуд буда, аз он бинандагон ғизои маънавӣ мегирифтанд. Дар таърихи 29 январи соли 1960 қарори Кумитаи Марказии ҲКИШ «Дар бораи инкишофи минбаъдаи телевизиони шуравӣ» баромад, ки барои рушди минбаъдаи мамлакати бузург замина фароҳам овард. 17-феврали соли 1960 бюрои Кумитаи Марказии ҳизби Коммунисти Тоҷикистон масъалаи андешидани чораҳоро баҳри иҷрои қарори КМ КПСС «Дар бораи инкишофи минбаъади телевизиони советӣ» баррасӣ намуд, ки рушди телевизиони Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшид. 2-уми феврали соли 1960 студияи сайёри телевизионӣ (ССТ) ба фаъолият сар кард. Мақсади онвақтаи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он равона шуда буд, ки пахши онро ба таври ҳамарӯза ташкилу пахш намоянд. Ва ниҳоят Телевизиони Тоҷикистон аз 1-июли соли 1960 пахши намоишҳоро ҳамарӯза амалӣ намуд. Саъю талошҳои кормандони техникиии Телевизиони Тоҷикистон барои он ки доираи бинандагони телевизиони Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе ва қисматҳои ноҳияҳои водии Ҳисор берун барояд, сохтмони хатҳои радиореле (РРЛ-бунгоҳҳои техникии қабулкунандаи аломат (сингал)) оғоз ёфт. Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 1962 шумораи телевизорҳо дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои гирду атроф ба 29 ҳазор адад расид. Охири соли 1962 хатти радиорелеи Душанбе-Кӯлоб мавриди истифода қарор гирифт, дар Қурғонтеппаю Тошработ ретрансляторҳои телевизионӣ гузошта шуданд, ки аҳолии Кӯлобу водии Вахш имконияти тамошои Телевизиони Тоҷикистонро пайдо намуданд. Фаъолияти студияи Душанбе (октябри соли 1959) то охири соли 1962 мустақил буд, ҳарчанд дар ҳайати Кумитаи оид ба радиошунавонӣ ва телевизиони назди Совети Вазирони РСС Тоҷикистон расман қарор дошту директори он узви ҳайати мушовараи (коллегия) Кумита буд. Бо укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 9-уми апрели соли 1963 Комитет оид ба радиошунавонӣ ва телевизиони назди Совети Вазирони РСС Тоҷикистон ба Комитети давлатии Совети Вазирони РСС Тоҷикистон оид ба радиошунавонӣ ва телевизион табдили ном кард.

20-уми августи соли 1963 бо қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон сохтори Комитети давлатии Совети Вазирони РСС Тоҷикистон оид ба радиошунавонӣ ва телевизион чунин тарз гирифт. 1. Сарредаксияи (саридора) барномаҳои ҷамъиятӣ сиёсӣ дар ҳайати редаксияҳои а) пропаганда б) хабарҳои охирин в) саноат ва сохтмон г) хоҷагии қишлоқ д) маданият ва маишат 2. Сарредаксия барои бачагон ва наврасон дар ҳайати редаксияҳои а) барномаҳо барои бачагону наврасон б) барномаҳо барои ҷавонон 3. Сарредаксияи барномаҳои адабӣ-драмавӣ дар ҳайати редаксияҳои а) саҳнаҳои телевизионӣ ва барномаҳои театрӣ б) адабиёт, санъати тасвирӣ ва худфаъолиятӣ в) ҳаҷву мутоиба г) филмопрогамма ва филмотека 4. Сарредаксияи барномаҳои мусиқӣ дар ҳайати редаксияҳои а) мусиқии операвӣ-симфонӣ, эстрадӣ б) мусиқӣ-таълимӣ ва эҷодиёти халқ 5. Релаксияи барномаҳо ва танзим (бо гурӯҳи наттоқон) 6. Шӯъбаи истеҳсолӣ бо сехҳои а) истеҳсолӣ-саҳнавӣ б) бадеӣ-декоратсионӣ в) рӯшноидиҳанда г) навори кино д) сабти овоз е) фотолаборатория Идораи «Тоҷиктелефилм» соли 1961 дар назди телевизиони Тоҷикистон таъсис ёфта, фаъолияташро бо эҷоди филмҳои бадеӣ, мустанад, тасвирӣ ва филм-консертҳо фонди «тиллоӣ»-и телевизиони Тоҷикистонро ғанӣ гардонидааст.

Бо сохтмони хатти радиорелеи Душанбе-Тошканд соли 1965 сокинони қисмати шимолии ҷумҳурӣ ба тамошои Телевизиони Тоҷикистон дастраси пайдо намуданд. 21-уми сентябри ҳамон сол маҷаллаи телевизионии «Баҳористон» (муҳаррир) Меҳмон Бахтӣ давоми чил дақиқа дар мавзӯи адабӣ-фарҳангӣ матраҳ гардид, ки муҳимтарин руйдодҳои фарҳангӣ огоҳӣ пайдо менамуданд.

Дар Телевизиони Тоҷикистон 16-уми ноябр маҷаллаи телевизионии «Тандурустӣ» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба намоиш гузошта шуд, он бо ҳамкории олимон Абдумаҷид Пулодов, Зикриё Абдуллохоҷаев, Фозил Абдураҳмонов ба мардум маърифати тиббӣ медоданд. Руйдоди дигари таърихӣ 24 феврал амалӣ гардид, ки студияи телевизионии Ашқобод давоми якуним соат аз ҳаёти мардуми Тоҷикистон намоишҳоро пахш намуд. Аввали соли 1965 барномаҳои ҳаррӯзаи иттилоотии «Навигариҳои телевизионӣ» ба «Ахбор» бо забони русӣ (Новости) ва давоми понздаҳ дақиқа давом дошта, табдили ном кард. Таи солҳои 60-70-ум барои беҳтар намудани сатҳи намоишҳои телевизонӣ ва ҷалби тамошобинон заҳмати шоирону нависандагон Файзулло Ансорӣ, БобоҲоҷӣ, Меҳмон Бахтӣ, Фотеҳ Исҳоқӣ, Баҳром Фирӯз, Муҳиддин Хоҷаев, Раҳмон Остонов, Ато Ҳамдам, Иноят Насриддин, ки дар идораи адабиёт ва фарҳанг вазифаи сармуҳаррирро ба уҳда доштанд, хеле назаррас мебошад. Дар қисмати русии идораҳои телевизиони Тоҷикистон шоирони русзабон Михаил Табачников, Сергей Корнеев, Эдуард Карпухин фаъолият дошта, барномаҳои гуногунмазмунро таҳия мекарданд. Дар солҳои 70-80-уми асри гузашта намоишҳои «Чойхонаи Дилкушо», «Беғараз панд», «Театр ва тамошобин» барои тамошобинон маҳубияти хоса доштанд ва ҳамзамон дар ташаккули маънавию тарбиявӣ мардум саҳми калон доранд. Барои ҷолибияти ин барномаҳои телевизионӣ коргардонҳо Шодибек Ҳотамбеков, Наим Латифов, Соҷида Ғуломова, Музаффар Ғаниев, Иззат Самадов обуранги бадеӣ дода, диққати тамшобинро бештар ҷалб менамуданд. Соли 1964 вазифаи директори телевизиони Тоҷикистон Меҳрубон Назаров таъин гардид. Аз соли 1967 инҷониб тамошобинон барномаҳои Телевизиони марказӣ (ҳоло ОРТ, РТР) ва студияи телевизони Тошкандро ба воситаи канали релеии Душанбе-Тошканд тамошо мекунанд. Дар натиҷаи тараққиёти техникаи иттилоотию коммуникатсионӣ ва талаботи замон аз таърихи 25 январи соли 1975 бошад, телевизиони Тоҷикистон пурра таҷҳизоти техникиро иваз намуда, стансияи сайёри телевизиони ранга ба кор даромад, яъне тамошобин имконият пайдо намуд намоишҳоро бо тасвири ранга бинад .

Агар соли 1959 дар телевизион 54 нафар кор мекарда бошанд, пас дар соли 1990 шумораи онҳо зиёда аз 400 нафар ташкил медод. Агар солҳои аввали таъсисёбии телевизион кадрҳо қисман аз аз ҳисоби шоирону нависандагон, рӯзноманигорон, кормандони радио интихоб мегардиданд, ҳоло бошад пас ба кори телевизион бештар ҷавонон ҷалб карда мешаванд. Зеро Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб, Донишгоҳи давлатии шаҳри Қурғонтеппа, Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ дар риштаи журналистикаи телевизион ва радио мутахассисон омода карда шавад, дар Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ба номи С. Раҳимов дар риштаи шореҳони варзиш барои соҳаи телевизион мутахассисон тайёр мекунанд. Дар телевизиони тоҷик ба танзиму ҳамоҳангсозии барномаҳо Дирексияи барномаҳо назорат мекунад. Бо сарварии директор ва Дирексияи барномаҳо нақшаҳои ҳармоҳа ва солонаи эҷодии сарредаксияҳои телевизион, ки шумораи онҳо дар солҳои 1980-1990-ум 8-то иборат буд, дар солҳои 2000-ум ба шаш Иттиҳодияҳои эҷодӣ расид, кору фаъолият менамоянд. Аввали солҳои 1980-ум иваз намудани дастгоҳҳо барои сабту танзими барномаҳо дар студияи якум АСБ-4 «Переспектива»-и ранга гузошта шуда, дастгоҳҳои дукамеравӣ дар студияҳои дуюму сеюм ҷой дода шуданд. Кормандон бо камераҳои телевизионии журналистӣ (ТЖК) таъмин гардида, барои танзиму пахши оҷилии барномаҳо шароити мусоид фароҳам гардид. Ҳамчунин хатти радиорелеи Ленинобод-Нефтобод-Шӯроб сохта шуда, радиорелеи баландкӯҳи самти Душанбе-Ҷиргатол мавҷи телевизионро то Роғун расонид. Соли 1980 телевизиони Тоҷикистон бо чунин сохтор фаъолият дошт.

1.Сарредаксияи барномаҳо

  • Шӯъбаи танзим
  • Шӯъбаи барномаҳои берун аз студиявӣ
  • Гурӯҳи коргардонҳо
  •  Гурӯҳи наттоқон
  • Гурӯҳи ороишӣ-бадеӣ
  • Гурӯҳи садобардорон
  • Гурӯҳи рӯшноидиҳандагон
  • Бюрои чопгарон

2. Сарредаксияи пропаганда

Шӯъбаи барномаҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ

Шӯъбаи хочагии халқ

Гурӯҳи коргардонҳо

3. Сарредаксияи иттилоот (хабарӣ)

Гурӯҳи коргардонҳо

4. Сарредаксияи барномаҳо барои ҷавонон

Гурӯҳи коргардонҳо

5. Сарредаксияи барномаҳои адабӣ-драмавӣ

Гурӯҳи коргардонҳо

6. Сарредаксияи барномаҳои мусиқӣ

Гурӯҳи коргардонҳо 7.

Сарредаксияи тайёр кардани барномаҳо дар плёнка

 8. Коллегияи сенариявӣ-таҳрирӣ

Гурӯҳи кинооператорон

Гурӯҳи кинокоргардонҳо

Гурӯҳи танзимгарон

Телевизион аз дигар ВАО фарқ менамояд. Масалан, дар матбуот воқеот, факту рақамҳо, таҳлили мавзуъҳо, рӯи қоғаз дарҷ мегардад, хонанда онҳоро интихобан мехонад. Одамони маълумотнок дар ин маврид ба назар гирифта мешаванд, яъне онҳое, ки хонда метавонанд, таъсиррасонӣ тавассути суратҳо хос аст. Дар телевизион бошад, воқеоти муҳим ҳамон рӯз ё баъди лаҳзаҳое, ки муддати чандон нагузаштааст, пешкаши тамошобинон мегардад. Телевизион ҳам ба узвҳои шунавоӣ таъсир мерасонад ва ҳам ба биноӣ, яъне дарки эҳсосоти якҷоя дида мешавад. Дар таҳияи барномаҳои телевизион намояндагони зиёда аз 40 нафар касбу кори гуногун иштирок менамоянд, аз ҷумла, сармуҳаррир, муҳаррири калон, муҳарир, муҳаррири хурд, саркоргардон, коргардонҳои дараҷаҳои гуногун, ассисентони онҳо, ёвардони коргардон, корсоз, наворбардорони дараҷаҳои гуногун, ассисентони онҳо, тасвирбардорон, садобардорон, пардозгар, рӯшноидиҳандагон, рассомон ва ғайраҳо. Телевизиони давлатӣ дар солҳои истиқлол ба воситаи асосии ахбор табдил ёфт, борҳо се бор-1991, 1992, 1993 сиёсати худро тағйир дод, ки ин ба ҳолати сиёсии кишвар вобаста буд. Дар ин давра ба он А. Сайфуллоев, Б. Икромов, Б. Маҳмадов, С. Раҳимов, У. Раҷабов, А. Раҳмонов ва А. Раҳмонов роҳбарӣ кардаанд. Дар таърихи телевизиони Тоҷикистон 26.06.2006 ҳамчун рӯзи навсозии воситаҳои техники телевизион ва паҳн намудани барномаҳои он сабт хоҳад шуд.

Дар телевизион гузаштан ба техникаи нави рақамӣ тақозои давру замон аст, зеро имрӯз тамоми телевизионҳои ҷаҳон бо намуди навини техникӣ фаъолият менамоянд. Таҷҳизоти марказии пахши барномаҳои телевизиони Тоҷикистон ба пуррагӣ иваз карда шуд. Дар ин дигаргуниҳо системаи танзим ва пахши барномаҳо дар якҷоягӣ тавассути комютерҳо ба ҷо оварда мешаванд. Дар телевизиони Тоҷикистон дар студияи якум таҷҳизоти(20.8 Х 14 Х 8) иваз карда шуд. Айни ҳол телевизони Тоҷикистон 97 фоизи аҳолии ҷумҳуриро фаро мегирад ва барномаҳои онро тавассути моҳвораи LMI-1 сокинони мамлакатҳои Осиё ва Аврупо, аз Япония то Франсия ва як қисми Африқо метавонанд, тамошо намоянд.