Ҳамватанони азиз!
Бо камоли ифтихору сарфарозӣ бори дигар тамоми мардуми ватандӯст, фарҳангпарвар ва бунёдкори Тоҷикистони соҳибистиқлол ва сокинони пойтахти кишварамон – шаҳри Душанберо аз самими қалб ба муносибати ҷашни 25-умин солгарди истиқолияти давлатӣ табрик гуфта, барои ҳар яки шумо саломативу сарбаландӣ ва комёбиҳои беназир орзу менамоям.
Мо дар давоми бисту панҷ соли истиқлолият бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои сахту сангини зиёд таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузоштем ва дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва муҳимтар аз ҳама, дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварамон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.
Вале неъмати пурқиматтарин ва дастоварди бузургтарини мо истиқлолият мебошад.
Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории халқи сарбаланду мутамаддини мо мебошад, ки бисту панҷ сол инҷониб номаи тақдирашро бо дастони худ эҷод карда, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хоссаи худро пайдо намудааст.
Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.
Халқи шарифу қаҳрамони тоҷик аз нахустин рӯзҳои истиқлолият дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талоши бесобиқа анҷом дода, дар чаҳоряк асри соҳибистиқлолии хеш ба хотири ободии Ватан раванди созандагӣ, яъне бунёди нерӯгоҳу нақбҳо, корхонаву муассисаҳо ва роҳҳои мошингарди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалиро пеш гирифт.
Дар натиҷа, имрӯз бисёр мушкилоти мо ҳаллу фасл гардида, мардуми заҳматқаринамон барои ҳалли вазифаҳои боз ҳам бузурги ободгарона камари ҳиммат бастааст.
Эҳёи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз бунёду ободкории Душанбе –пойтахти кишвари маҳбубамон оғоз шуд ва дар зарфи 25 сол сохтмони садҳо иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ ва боғу гулгаштҳо симои шаҳрро боз ҳам зебову дилоро гардонид.
Имрӯз пойтахти давлати тоҷикон-шаҳри Душанбе маркази илму фарҳанги миллӣ ва маркази муттаҳидсозандаи тоҷикони ҷаҳон буда, бовар дорам, ки мо онро дар оянда боз ҳам ободу зебо ва машҳури ҷаҳон мегардонем.
Дар ин рӯзи барои ҳар яки мо таърихиву фараҳбахш бори дигар ба кулли мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони пойтахт барои саҳми ватандӯстонаашон дар ободиву пешрафти кишвари соҳибихтиёрамон изҳори сипос менамоям.
Ҳозирини гиромӣ!
Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибихтиёрӣ ҳисси милливу ватандории мардуми тоҷик торафт баланд шуда, ин омили муҳим хурду бузурги Тоҷикистонро ба ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, ободии Ватан ва пешрафта гардонидани давлат нерӯ мебахшад.
Дар баробари ин, таъкид месозам, ки муҳаббат ба Ватани аҷдодӣ, таърихи пурифтихори миллат ва ниёгони фарҳангдӯсту тамаддунпарварамон моро барои ҳарчи бештар аз худ кардани дастовардҳои ҷаҳони муосир, пешрафти илму техника ва тараққиёти рӯзафзуни давлатҳои мутамаддини олам, яъне баробар бо ҷомеаи пешрафта қадам бардоштан ҳидоят ва водор менамояд.
Яъне мо ҳар қадар Ватанамонро дӯст дорем, бояд ҳамон андоза кӯшиш намоем, ки аз ҷаҳони бо суръати кайҳонӣ пешраванда қафо намонем, ҳамкориҳои худро бо кишварҳои тараққикардаи олам густариш диҳем, арзишҳои илму фарҳанги умумибашарӣ, дастовардҳои техникаву технологияи муосир ва кашфиёту бозёфтҳои навтаринро омӯзем ва кӯшиш кунем, ки мисли ниёгони некноми худ ба тамаддуни башарӣ ҳиссаи арзишманди худро гузорем.
Нақшаҳои азими созандагиву бунёдкорие, ки мо барои даҳ – понздаҳ соли оянда пешбинӣ кардаем, маҳз ба хотири рушди бонизоми иқтисодиёти мамлакат, густариши фаъолияти соҳибкорӣ, ҳарчи бештар муҳайё намудани ҷойҳои кории нав, афзун гардонидани даромади аҳолӣ, ободии Ватан ва беҳтар намудани некӯаҳволии мардуми кишварамон равона шудаанд.
Ин нияту нақшаҳо аз ҳар яки мо заҳмати содиқонаро ба хотири ободии Ватан ва тақвияти иқтидори иқтисодии давлати соҳибистиқлоламон тақозо менамояд.
Итминон дорам, ки мардуми ватандӯсту заҳматкаши мо ба дастовардҳои аз ин ҳам бузургу таърихӣ қодиранд, зеро мо Ватани соҳибихтиёру озодамонро самимона дӯст медорем ва ба шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ барои ҳифзи сулҳу оромӣ, тақвияти ваҳдати миллӣ ва боз ҳам боло рафтани нуфузу обрӯи Тоҷикистони маҳбубамон минбаъд низ аҳлонаву софдилона заҳмат мекашем.
Дар ин рӯзи воқеан таърихӣ кулли ҳамватанони азиз ва сокинони пойтахти кишварамон - шаҳри Душанберо бори дигар самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо, инчунин ба ҳар хонадони мардуми тоҷик саломатӣ, саодатмандӣ ва дар фаъолияти созандаатон муваффақиятҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Бигзор аз заҳмати ҳар фарди бонангу номуси миллат Тоҷикистони азизамон пур аз файзу баракат ва кишвари маҳбубамон боз ҳам ободу зебо ва пешрафта гардад.
Зиндаву ҷовид бод давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!
Поянда бод миллати куҳанбунёду тамаддунсоз ва соҳибмаърифату фарҳангии тоҷик!
Ҷашни 25 - солагии истиқлолияту озодии Ватан муборак бошад!
Хушбахту сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!