Николай Патрушев, Котиби Шӯрои амнияти Россия: «Тоҷикистон дар шароити суботу осоишта қарор дорад»
Опубликовано ср, 01/11/2017 - 17:03 пользователем tvt
«Зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мо масоили ҳамгироии дуҷониба, пеш аз ҳама, дар соҳаи амният ва вазъи ҳамсони кишварҳои Осиёи Марказиро аз нигоҳи амният баррасӣ намудем.


Дар ҳошияи машварати навбатии кории коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки нимаи аввали имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳоров бо котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев мулоқот намуд.