Дар Душанбе барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳр озмуни такрорӣ баргузор мегардад
Опубликовано пт, 27/10/2017 - 15:40 пользователем tvt
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли ҷавонон, бо мақсади дастгирию ҳавасманд намудани наврасону ҷавонон – хонандагону донишҷўёни фаъол, аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмуни такрорӣ эълон менамояд.


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ифтитоҳи 16-умин Конфронси вазирони Барномаи ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC) ҳалли масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обу энергетикаро барои таъмини рушди устувори минтақа муҳим арзёбӣ намуданд.