ҶОМИ КФО-2017: Бозии финалӣ миёни дастаи «Истиқлол» ва «Эйр Форс» дар Ҳисор доир мешавад
Опубликовано вт, 31/10/2017 - 12:20 пользователем tvtБозии финалии Ҷоми КФО-2017 миёни дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва дастаи «Эйр Форс»-и Ироқ 4 ноябр, соати 18:00, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мегардад. Қабл аз оғози сабқати таърихӣ дар варзишгоҳ бо иштироки сарояндагони эстрадаи тоҷик баҳри болидарӯҳии мухлисон консерт гузаронида мешавад.


30 октябр дар шаҳри Душанбе Конференсияи миллӣ дар мавзӯи «Раванди реинтегратсия ва нақши диаспораҳо ҳамчун ҳамшарикони рушди кишвар» доир гардид.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади шинос шудан бо корҳои бунёдкорию навсозӣ дар «Боғи кӯдакон ва наврасон» ва гулгашти нав дар кӯчаи Ғулом Ғафурови пойтахт аз ин мавзеъҳо дидан намуд.