Баррасии ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар ҷаласаи Парлумон
Опубликовано вт, 31/10/2017 - 09:46 пользователем tvtИҷрои буҷети давлатӣ ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» дирӯз дар Душанбе зимни баргузории муҳокимаи парлумонӣ бо иштироки намояндагони масъули вазорату идораҳои марбутаи кишвар баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи маблағгузории буҷетии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар 8 моҳи соли равон ба қадри 6,7 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он 4,5 млн. сомонӣ ё 66,8 % ташкил медиҳад.

