Хабар

«Раванди реинтегратсия ва нақши диаспораҳо ҳамчун ҳамшарикони рушди кишвар»-конференсияи миллӣ дар Душанбе

30 октябр дар шаҳри Душанбе Конференсияи миллӣ дар мавзӯи «Раванди реинтегратсия ва нақши диаспораҳо ҳамчун ҳамшарикони рушди кишвар» доир гардид.

Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаи корҳои бунёдкорӣ дар «Боғи кӯдакон ва наврасон» ва гулгашти нави пойтахт шинос гардид

Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ  бо мақсади шинос шудан бо корҳои бунёдкорию навсозӣ дар «Боғи кӯдакон ва наврасон»  ва гулгашти нав дар кӯчаи Ғулом Ғафурови пойтахт аз ин мавзеъҳо дидан намуд.

Раиси шаҳр нахуст бо лоиҳаи навсозии «Боғи кӯдакон ва наврасон», воқеъ дар буриши кӯчаҳои Мирзо Турсунзода ва Шоҳтемури шаҳри Душанбе шинос гардид.

Абдуқаҳор Ғаффуров дар 9-умин Фестивали байналхалқии муғам барои кӯдакон сазовори ҷои дуюм гашт

 Дар шаҳри Боку 25 октябр маросими ниҳоии фестивали 9-уми байналхалқии сарояндагони муғам миёни кӯдакон баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Тоҷикистонро дар фестивал Абдуқаҳор Ғаффуров муаррифӣ карда, бо забони озарӣ мусиқии «Таснифи чоргоҳ»-ро иҷро намуд ва сазовори ҷои дуюм гардид.

Страницы