«Пайкари накӯӣ»-ёди неке аз профессор Воҳид Асрорӣ

Нашриёти «Истеъдод» ба муносибати 100-солагии шодравон Воҳид Асрорӣ ду китоб — «Пайкари накӯӣ» ва «Устод Асрорӣ»-ро, ки ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ин  донишманди накӯноми тоҷик, адабиётшинос, фолклордон, мунаққид, публитсист, шоир, нависанда ва рўзноманигор бахшида шудаанд, нашр намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин асарҳо аввалин тадқиқи пайдарпай ва муфассали хати зиндагӣ ва роҳи эҷодии профессор Асрорӣ ба ҳисоб мераванд.

Маҷмӯаҳои мазкур дастагули меҳри шогирдон ба ёди неки устоди зиндаёд мебошад.

АМИТ "Ховар"