Боздид аз рафти корҳои васлу насби марҳилаи 3-юми хати конвеерӣ дар дохили нақби КТ-9-и Неругоҳи барқи обии “Роғун”
Опубликовано ср, 09/08/2023 - 12:06 пользователем tvt9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо рафти корҳои васлу насби марҳилаи 3-юми хати конвеерӣ дар дохили нақби КТ-9 шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дарозии умумии хати конвеерӣ дар марҳилаи сеюм 7 ҳазору 500 метрро ташкил намуда, аз он 2 ҳазору 95 метраш аз дохили нақб мегузарад.