Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад

Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии  «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» оид ба ҷамъбасти соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 09:00 баргузор мешавад.

Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ соати 10:00 доир мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии  «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» соати 11:00 баргузор мегардад.

Дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» (кӯчаи Беҳзод, 25, назди Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм») нишасти матбуотӣ соати 11:00 доир мегардад.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.

Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма маълумот  оид ба ҷамъбасти соли 2023-ро метавонанд аз сомонаҳои вазорату идораҳо дарёфт намоянд.

Tags: