Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Ванҷ дидан намуданд
Опубликовано ср, 16/08/2023 - 11:39 пользователем tvt16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳия дидан намуда, бо деҳқонону кишоварзон суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ мева, хушкмева, сабзавот, ғалладонагиҳо, асал ва номгӯи дигари дастранҷи деҳқонони ноҳия ба маъраз гузошта шуд.