НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи генералии сайёҳии шаҳри Душанбе ва минтақаҳои атрофи он (CS4a) оғоз ёфт, ки моҳи октябри соли 2023 ба анҷом мерасад
Опубликовано чт, 10/08/2023 - 13:46 пользователем tvtБо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ якчанд лоиҳаи сармоягузорӣ мавриди амал қарор доранд. Аз ҷумла, Лоиҳаи рушди сайёҳӣ бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд дар ҳаҷми 10 миллион доллари ИМА ҷиҳати таҳкими омодасозӣ ва тарҳи лоиҳаҳо, омода намудани суратҳисоби ёрирасони сайёҳӣ ва нақшаи рушди сайёҳӣ, гузаронидани пурсишҳо, муайян намудани рӯйхати сармоягузориҳо тариқи хизматрасонии машваратӣ амалӣ гардида истодааст.