«HUNGARY MASTERS 2023». Темур Раҳимов ва Беҳрӯз Хоҷазода сазовори медали нуқра гардиданд
Опубликовано пн, 07/08/2023 - 17:33 пользователем tvtМусобиқаи «Hungary Masters 2023» оид ба ҷудо, ки дар шаҳри Будапешт аз 4 то 6 август баргузор гардид, варзишгарони Тоҷикистон соҳиби 2 медали нуқра гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Паҳлавони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) дар финал аз Соичи Ҳашимотои ҷопонӣ мағлуб гардида, сазовори медали нуқра гардиданд.