Хабар

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Ванҷ дидан намуданд

16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳия дидан намуда, бо деҳқонону кишоварзон суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ мева, хушкмева, сабзавот, ғалладонагиҳо, асал ва номгӯи дигари дастранҷи деҳқонони ноҳия ба маъраз гузошта шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасонро ифтитоҳ намуданд

16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасонро ифтитоҳ намуданд.

Бинои Марказ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ, ифтитоҳи кӯдакистон ва муаррифии бинои Маркази хизматрасонии нав

16 август дар рӯзи дуюми сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази ноҳияи Ванҷ ташриф оварданд.

Дар ноҳияи Ванҷ нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои навбунёди хуштарҳу замонавии Кӯдакистони рақами 1-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои муосири муассисаи томактабӣ аз 3 ошёна иборат буда, барои 200 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Страницы