Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон, ки 4 апрел таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншооти гидротехникӣ» тағйирот ворид намуданд.
Муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода лоиҳаи қонуни мазкурро тавзеҳ дода, гуфт, ки он масъалаи таъмини бехатарӣ дар лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмири асосӣ, мавриди истифода қарор додан, таҷдид, барқарорсозӣ ва барҳам додани иншооти гидротехникиро ба танзим даровардааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншооти гидротехникӣ» ба таври мушаххас самтҳои таъмини фаъолияти иншооти гидротехникиро бо ҳуқуқу уҳдадориҳои моликони иншооти гидротехникӣ, салоҳият ва ваколатҳои мақоми назоратӣ муайян намуда, навъҳои ҳуқуқвайронкуниҳоро оид ба бехатарии иншооти гидротехникӣ муқаррар намудааст.
Вакилони Парлумони Тоҷикистон ҳамзамон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон иловаҳо ворид намуданд.
Вакили Маҷлиси намояндагон Бахтовар Сафарзода масъалаи мазкурро муаррифӣ намуда, гуфт, ки ин санад аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони мамлакат пешниҳод гардидааст ва он масъалаҳои таъмини бехатарӣ дар лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмири асосӣ, мавриди истифода қарор додан, таҷдид, барқарорсозӣ ва барҳам додании иншооти гидротехникиро фаро гирифта, барои риоя накардани қоидаҳои дахлдор дар ин соҳа ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ менамояд.
Дар иртибот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон боби 231 — «Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ» бо чор модда илова гардид.
АМИТ "Ховар"