Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он як зумра масъалаҳои ҳаётан муҳим баррасӣ ва муҳокима шуданд.
Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии умумихалқӣ Бахтиёр Худоёрзода зикр кард, ки лоиҳаи санади мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мутобиқ намудани он ба тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда шудаанд, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда тартиби нави пур кардани бюллетени овоздиҳӣ дар раъйпурсӣ, тартиби оғоз ва қатъ шудани муҳлати фаъолияти мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, тартиби эълон намудани натиҷаи пешакӣ ва ниҳоии раъйпурсиро мушаххас намуда, қабул шудани он ба такмил ёфтани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раъйпурсӣ, тартиби гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ мусоидат мекунад.
Муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдуғаффор Раҳмонзода дар идомаи муҳокима зикр кард, ки ба лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷиҳати такмили он 16 таклифу пешниҳодот ирсол шудааст, ки аз ин шумора 11 пешниҳод пурра ва 2 таклиф қисман қабул шуданд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамчунин дар иҷлосияи навбатӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»-ро баррасӣ намуданд.
Масъалаи мазкурро директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъахон Давлатзода тавзеҳ дода, изҳор кард, ки санади мазкур ҷиҳати таъмини мувофиқати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба талаботи Конститутсия ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади такмили механизми эъломиякунонии даромадҳои шахсони мансабдори давлатӣ таҳия шудааст.
Тибқи лоиҳа, пешниҳод мегардад, ки шаҳрванд ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ ба ҷои маълумот оид ба андоз аз даромад ва вазъи молумулкӣ эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худро пешниҳод мекунад. Минбаъд эъломиякунандаи даромадҳо ва вазъи молумулкии довталабони мансабҳои давлатӣ, хизмати давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» анҷом дода мешавад. Низоми эъломиякунонии даромадҳо ва манфиатҳои шахсии хизматчиёни давлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонда шуда, заминаҳои ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия мустаҳкам ва дар ин самт мониторинги давлатӣ ҷорӣ карда мешавад.
Ҳамчунин бо қабул шудани қонуни мазкур ба корманд ҳангоми қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ кумакпулии яквақта ба андозаи на камтар аз маоши семоҳа дода мешавад. Қаблан чунин кумакпулӣ ба хизматчиёни давлатӣ дар ҳолати доштани собиқаи на камтар аз 15-солаи хизмати давлатӣ дода мешуд. Акнун мувофиқи тағйироти пешниҳодшуда, чунин кумакпулӣ новобаста аз собиқаи хизмати давлатӣ пардохт карда мешавад.
Вакилони Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаҳои баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
АМИТ "Ховар"