Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аъзои Шӯро таъкид намуданд, ки мувофиқи тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур ба моддаи 15, қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Вайрон намудани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим асоси қатъ гаштани фаъолияти хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ мегардад».
Дар Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
АМИТ "Ховар"