Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, масъалаҳои ҳаётан муҳимро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тавре аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд, дар иҷлосия вакилон, аз ҷумла, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» (ЛДКҶ), Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба алоқаи ҳавоӣ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар иҷлосия ҳамчунин Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, Протокол дар бораи боздошт намудани молҳо аз низоми савдои озод ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба савдои озод аз 10 январи соли 1996 мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Дар анҷоми иҷлосия аз рӯи ҳамаи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
АМИТ "Ховар"