Субҳи имрӯз ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо даъвати Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ҷиҳати иштирок дар Форуми VI байнипарлумонии «Тоҷикистон -Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар намуд.
Дар ин бора ёвари раиси палатаи болоии Парлумони мамлакат оид бо робита бо ВАО Наврӯз Қурбонзода иттилоъ дод.
Интизор меравад, ки дар Форуми VI байнипарлумонии «Россия – Тоҷикистон: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» аъзои Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералӣ, роҳбарият ва аъзои Ҳукумати Федератсияи Россия, субъектҳои он ва доираи васеи соҳибкорони ҳарду кишвар фаъолона иштирок намоянд.
Дар ҳошияи Форум баргузории ҷаласаҳои Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия доир гардида, дар онҳо масъалаҳои марбут ба такмили асосҳои ҳуқуқӣ — омили муҳими ҳамкорӣ, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, аграрӣ, саноат ва ҳамзамон вазъ ва дурнамои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва тандурустӣ матраҳ хоҳад гардид.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҷаласаи пленарии Форум роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, волии бархе аз вилоятҳои Россия, инчунин аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсия сухан мекунанд.
Интизор меравад, ки иштирокдорони Форум таваҷҷуҳи махсусро ба такмилу таҳкими асосҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ, ҳалли масъалаҳои марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ, рушди тиҷорату иқтисод ва дигар самтҳои афзалиятноки дуҷониба бо истифода аз имконоти мавҷуда равона хоҳанд кард.
АМИТ "Ховар"