Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти тағйирёбии иқлим, ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ ва парвариши лочин тақвият мебахшанд

Дар шаҳри  Дубай масъалаҳои марбут ба ҳамкории Тоҷикистон ва Давлати Қатар дар самтҳои тағйирёбии иқлим дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Давлати Қатар доктор Фолеҳ бин Носир баррасӣ гардиданд.

 Мулоқот дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP28) дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб доир гардид.

Ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба  муҳофизати ҳайвоноти ваҳшӣ ва растаниҳои зери хатари нобудшавӣ қарордошта, парвариши лочин, мубодилаи стратегия ва таҷриба дар соҳаи қонунгузории экологии вобаста ба шикори танзимшавандаро муҳокима намуданд.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода доир ба саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи ҷумҳурӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим ибрози назар намуд. Ҳамзамон вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Давлати Қатар нақши Тоҷикистонро дар пешбарии масъалаҳои обу иқлим дар арсаи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуда, анҷоми муваффақонаи Конфронси оби СММ-ро, ки 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд доир гардида буд, таъкид намуд.

Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба мувофиқа расиданд.

Tags: