17 ноябр Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар «Саммити навоварӣ барои саломатӣ», ки таҳти сарпарастии Раиси Шӯрои мудирони Муассисаи Қатар Шайха Муза бинт Носир зери шиори «Дунёи ягона баҳри сиҳатмандии мо» тариқи онлайн сурат гирифт, иштирок намуд.
Ҷаласа бо суханронии раиси иҷроияи Шӯрои директорони «Саммити навоварӣ барои саломатӣ», профессор Лорд Дарзӣ ва Шайха Муза бинт Носир оғоз гардида, дар идома вобаста ба вазъи саломатии одамон ва хатари мавҷи дуюми бемории COVID-19 дар минтақаҳои гуногуни олам филми мустанад намоиш дода шуд.
Сипас, дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебреисус низ дар ин саммит сухан карда, нигаронии амиқи худро дар робита ба зуҳур ва паҳншавии бемории COVID-19 иброз намуд. Ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки барои ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва пешгирии бемории мазкур саҳм гузоранд.
Бояд гуфт, ки дар ин саммит беш аз 2 ҳазору 800 нафар намояндагони вазоратҳои тандурустии давлатҳои олам ва намояндагони созмону ташкилоти хусусии соҳавӣ иштирок намуданд.
Саммити мазкур 15 ноябр оғоз гардида, то 19 ноябр идома хоҳад ёфт.
АМИТ «Ховар»