Парлумон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуд

Ҷумҳурии ТоҷикистонБа Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.

Масъалаи мазкур зимни ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки  имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, баррасӣ карда шуд.

Тавре аз палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, вакилони мардумӣ дар иҷлосия лоиҳаи як қатор қонунҳо, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ин лоиҳаи қонунро  ба вакилони мардумӣ узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Бахтовар Сафарзода муаррифӣ намуд.

Номбурда зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» Шукӯҳи Далер гуфт: «Лоиҳаи мазкур бо мақсади мутобиқ гардонидани меъёрҳои моддаи 30 ва боби 30-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» «Дар бораи инҳисороти табиӣ» ва «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия гардида, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст».

Ба гуфтаи Бахтовар Сафарзода, тибқи лоиҳаи Қонуни мазкур дар моддаҳои 30, 542 ва 558 иваз кардани калимаҳои «монополияҳои», «монополии» ва «монополияҳои табиӣ» ба калимаҳои «инҳисороти», «инҳисории» ва «инҳисороти табиӣ» пешбинӣ гардидааст.

Инчунин, — гуфт ин вакили мардумӣ — дар моддаи 558, ки ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани нарху тарифҳои муқаррарнамудаи мақомоти танзимкунандаи фаъолияти инҳисороти табиӣ ва ба он пешниҳод накардани дархост, муқаррар намудааст, тағйирот илова мегардад.

«Тибқи ин тағйирот барои аз тарафи шахс ё гурӯҳи шахсон огоҳ накардани мақомоти ваколатдори танзимкунандаи фаъолияти инҳисороти табиӣ дар хусуси соҳиб гардидан ба шумораи бештари овозҳо ё тағйири овозҳои ба онҳо тааллуқдошта, ки қонунгузорӣ дар бораи инҳисороти табиӣ муқаррар намудааст,ба шахсони мансабдор ба андозаи аз шаст то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ду ҳазор то се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад»,- илова намуд Бахтовар Сафарзода.

Мавриди зикр аст, ки вакилони мардумӣ аз рӯи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

АМИТ «Ховар»