Имрӯз бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони суди иқтисодии вилояти Хатлон, суди шаҳри Истаравшан ва муовини раиси суди ноҳияи Ашти вилояти Суғд аз вазифа озод карда шудаанд.
Дар ин бора дафтари матбуотии президент хабар додааст.
“Ғоибназар Амирхоҷа аз вазифаи раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон,
Ҷумъазода Усмоналӣ Шариф аз вазифаи раиси суди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд,
Асрорзода Ҳакимҷон Тӯйчӣ аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Ашти вилояти Суғд бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шаванд”, - омадааст, дар фармони Сарвари давлат.