Саҳми бонувон дар барқарорсозии сулҳи тоҷикон назаррас аст

Бахшида ба 19-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар бинои китобхонаи ба номи С.Айнии шаҳри Кӯлоб бо иштироки бонувони фаъол дар мавзӯи «Нақши занон дар Ваҳдати миллӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.
Тавре  аз маркази матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар чорабинӣ кормандони Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, идораю муассисаҳои давлатӣ, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, бонувони фаъоли шаҳри Кӯлоб ва аҳли зиё иштирок намуданд.
Иштирокдорон  дар чорабинии мазкур дар атрофи моҳияти маҳсули ваҳдат, саҳми бонувон дар барқарорсозии сулҳи тоҷикон, аз ваҳдат маншаъ гирифтани ҳаёти осоиштаи бонувон дар замони муосир зарурати гиромидошти сулҳу оштии халқи тоҷик суҳбат оростанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: