Иқтисод

Дар минтақаҳои Тоҷикистон дар оянда марказҳои логистикӣ ифтитоҳ мегарданд

Ифтитоҳи марказҳои логистикӣ дар минтақаҳои кишвар дар оянда ҳамчун  яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода бо Намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (СОК СММ) дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев арзёбӣ гардид.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт

Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар Тоҷикистон дар ду моҳи соли равон  истеҳсол шудааст, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6% афзуда, беш аз 1 миллиард сомонӣ (88,8 миллион доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад агентии «Авеста».

Дар Душанбе корхонаи муштараки истеҳсоли техникаи маишии «Артел Авесто Электроникс» ба истифода дода шуд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи муштараки истеҳсоли техникаи маишии  «Артел Авесто Электроникс» ба истифода дода шуд, ки  дар маросими ифтитоҳи он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри  Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Сарвазири

Страницы