Мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея тасмим гирифтаанд, ки ҳамкориро дар самти мубодилаи маълумоти электронӣ тавассути баимзорасонии созишнома ба роҳ монанд. Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкории гумрукӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея дар мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва Комиссари Хадамоти гумруки Корея Лим Ҷэй Ҳён дар Душанбе баррасӣ шуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Мусоҳибон ба сатҳи ҳамкории гумрукии Тоҷикистон ва Корея баҳои баланд дода, ҳавасмандии худро дар самти мукаммалгардонии Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо назардошти ба истифода додани системаи идоракунии таваккал ҳамчун асоси густариши ҳамкории дуҷониба баён доштанд.
Роҳбарони ҳайатҳои гумрукии Тоҷикистон ва Корея дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши ҳамкории судманд вохӯриро ба анҷом расонида, ба мувофиқа расиданд, ки Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея мизбони вохӯрии 3-юми роҳбарони Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Корея хоҳад гардид. Сана ва рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ тавассути машваратҳои минбаъда миёни ҳарду мақомот ҳамоҳанг карда мешавад.
Ҳайати мақомоти гумруки Корея таҳти роҳбарии Комиссари Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея Лим Ҷэй Ҳён зимни сафар ба Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи «низоми идораи таваккал» ва ҳамоиши ҳамкории гумрукии Тоҷикистон ва Корея иштирок намуда, аз дидбонгоҳи гумрукии «Терминал»-и Душанбе боздид намуда, бо ҷараёни кори низоми идораи таваккал дар «Терминал»-и Душанбе аз наздик шинос гардид. Инчунин ҳайати гумрукчиёни Корея ба шаҳри Ҳисор рафта, аз ёдгории таърихии Қалъаи Ҳисор ва мавзеи истироҳатии «Шаршара»-и шаҳри Ҳисор боздид намуд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»