Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар Тоҷикистон дар ду моҳи соли равон истеҳсол шудааст, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6% афзуда, беш аз 1 миллиард сомонӣ (88,8 миллион доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад агентии «Авеста».
Бино ба маълумоти Агентии омор, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ асосан аз ҳисоби афзоиши маҳсулоти растанипарварӣ ва чорводорӣ вобаста аст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ дар моҳҳои январ-феврали соли 2021 нисбат ба моҳи январи соли 2020 32,7% ва соҳаи чорводорӣ — 5,7% афзоиш ёфт.
То 1 марти соли ҷорӣ хоҷагиҳои комплекси агросаноатии кишвар дар майдони 29,8 ҳазор гектар тухмии ғалладона ва зироати лӯбиёгӣ кишт намуданд.
Дар майдони зиёда аз 233,4 ҳазор гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд. Ин нишондод дар муқоиса бо моҳҳои январ-феврали соли 2020 32% камтар аст. Майдони токзорҳои нав имсол нисбат ба моҳҳои январ-феврали соли гузашта 4,6% кам шуда, ба 13,1 гектар расид.
Масоҳати боғҳои барқароршуда дар давраи ҳисоботӣ 564,2 гектар ва токзорҳо 68 гектарро ташкил дод.
Маълумоти оморӣ бо дарназардошти ҳамаи таснифоти хоҷагиҳо тартиб дода шудааст.
АМИТ «Ховар»