Ифтитоҳи марказҳои логистикӣ дар минтақаҳои кишвар дар оянда ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода бо Намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (СОК СММ) дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев арзёбӣ гардид. Дар ин хусус Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ифтитоҳи марказҳои логистикӣ дар оянда дар минтақаҳои Тоҷикистон барои дастгирии соҳаи кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифати озуқаворӣ мусоидат менамояд, хабар медиҳад манбаъ.
Дар мулоқот Завқӣ Завқизода аз ҳамкорӣ ва иштироки СОК СММ дар таҳия ва ҷараёни иҷрои лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшаванда арзи сипос намуда, дар робита ба сиёсати кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, бекорӣ ва дигар ҳадафҳои стратегии давлат, инчунин имконияти мавҷудаи робитаҳо дар ин самтҳо маълумоти муфассал пешниҳод кард. Намояндаи СОК СММ вобаста ба самтҳои фаъолияти созмон, чораҳои амалигардида, кумакҳои техникӣ, имконияти ҳамкории ҷумҳурӣ бо он дар соли ҷорӣ ва давраи минбаъда ибрози андеша намуд.
Зикр шуд, ки то давраи 31 декабри соли 2020 Намояндагии СОК СММ дар Тоҷикистон 17 лоиҳаи фаъоли миллиро ба маблағи умумии 8,1 миллион доллари ИМА амалӣ намудааст.
Дар анҷом мусоҳибон омодагии худро барои густариш ва истифодаи самараноки ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба изҳор намуданд.
АМИТ «Ховар»