Президент

Мулоқоти Пешвои миллат бо сокинону фаъолони ноҳияи Сангвор

Дар маркази ноҳияи Сангвор Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолон мулоқот ва суханронӣ намуд.

Ифтитоҳи маркази савдо ва хизматрасонӣ дар маркази ноҳияи Сангвор

Дар маркази ноҳияи Сангвор инчунин аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази савдо ва хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Маркази савдо аз ду ошёна иборат буда, дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Шобуддин Алиев сохта шудааст.

Ифтитоҳи бинои Суди ноҳияи Сангвор

Дар идомаи сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат имрӯз бинои маъмурии Суди ноҳияи Сангвор дар фазои тантанавӣ ба истифода супорида шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти иншооти нав оғози расмӣ бахшиданд.

Тавре зикр гардид, корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии суди ноҳияи Сангвор соли 2014 шуруъ гардида, бо сифати баланд ва тибқи меъёрҳои муаянгардида бунёд шудааст.

Страницы