Дар маркази ноҳияи Сангвор Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолон мулоқот ва суханронӣ намуд.
Аснои суханронӣ Сарвари давлат тамоми сокинони ноҳияро бо муносибати 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд. Роҳбари давлат иқдоми созандагиву бунёдкориро, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат амалӣ гардид, ба заҳмати содиқонаи мардуми ватандӯсту ватанпарвар, шарифу сарбаланд ва соҳибхираду соҳибэҳтироми тоҷик марбут маънидод кард.
Маҳз истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки дар ноҳияҳои дурдасти кишвар, аз ҷумла ноҳияи Сангвор бо дастгирии давлату Ҳукумат ва дар доираи татбиқи барномаҳои рушди соҳавию минтақавӣ корҳои ободонӣ мунтазам вусъат гирифта, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин гардид ва бисёр мушкилоту масъалаҳои ҳаёти сокинон ҳаллу фасли худро пайдо намуд.
Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки дар ин давра аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди ноҳияи Сангвор, аз ҷумла ҷиҳати пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, бунёди роҳу пулҳо ва беҳсозии шароити зиндагии сокинон зиёда аз 183 миллион сомонӣ сарф гардида, ба маблағи 62 миллион сомонӣ мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва беморхонаву дармонгоҳҳои нав ба истифода дода шудаанд.
Ҳамчунин, дар ин давра дар доираи 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаи азнавсозии инфрасохтори манзиливу коммуналӣ, рушди соҳаҳои кишоварзию маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ қариб 50 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Ба таъкиди Сарвари давлат дар солҳои 2016-2019 барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Сангвор 100 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин нишондиҳанда нисфи маблағҳои дар 25 соли истиқлолият ҷудогардидаро ташкил медиҳад.