Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Нуробод
Опубликовано вс, 25/09/2016 - 13:51 пользователем tvtҲамдиёрони азиз!
Ҳозирини арҷманд!
Сафари навбатии мо ба ноҳияи хушманзари Нуробод бо мақсади шиносоӣ бо вазъи кору зиндагии сокинон ва раванди татбиқи нақшаву барномаҳои давлатӣ дар соли ҷашни муқаддасу мубораки биступанҷумин солгарди соҳибистиқлолии кишвари азизамон баргузор шуда истодааст.
Бинобар ин, кулли сокинони ноҳия ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба ин муносибат табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу оромӣ ва хайру баракат орзу менамоям.