Президент

Оғози ҷамъоварии картошка ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Лахш

Дар идомаи сафар Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавию инфиродии ҷамоати деҳоти Ҷиргатоли ноҳияи Лахш ташриф оварда, бо рафти ҷамъоварии картошка ва намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ шинос шуданд.

Зимни шиносоӣ бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо хоҷагидорон суҳбат намуда, онҳоро барои фаъолияти босамар ва истифодаи самараноки замин ҳидоят намуданд.

Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Лахш

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Лахш ташриф оварданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи Лахш роҳбарият ва сокинони ноҳия бо шукуҳу шаҳомати хоса ва самимияти беандоза нисбат ба Пешвои миллат истиқбол гирифтанд.

Ба истифода додани роҳи марказии ноҳияи Лахш

Сипас боздиди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Лахш бо ифтитоҳи роҳи марказии ноҳия, ки ба тозагӣ навсозӣ шудааст, идома ёфт.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масофаи ин роҳ беш аз 3 километрро дар бар гирифта, он дар муҳлати кӯтоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо харҷи 3 миллион сомонӣ азнавсозӣ карда шудааст.

Страницы