Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини арҷманд!
Сафари навбатии мо ба ноҳияи хушманзари Нуробод бо мақсади шиносоӣ бо вазъи кору зиндагии сокинон ва раванди татбиқи нақшаву барномаҳои давлатӣ дар соли ҷашни муқаддасу мубораки биступанҷумин солгарди соҳибистиқлолии кишвари азизамон баргузор шуда истодааст.
Бинобар ин, кулли сокинони ноҳия ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба ин муносибат табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу оромӣ ва хайру баракат орзу менамоям.
Ноҳияи Нуробод аз ҷумлаи мавзеъҳои навбунёде мебошад, ки аз баракати соҳибистиқлолии кишвар, таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат ва заҳмати ватандӯстонаи сокинонаш пурра аз нав сохта шуда, имрӯз ба як шаҳраки зебои замонавӣ табдил ёфтааст.
Бунёд гардидани биноҳои хуштарҳу замонавӣ, роҳу пулҳои ҷавобгӯ ба талаботи муосир, даҳҳо иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва тиҷоративу хизматрасонӣ боиси ободу зебо гардидани ин гӯшаи биҳиштосои Ватани маҳбубамон ва хеле беҳтар шудани шароити зиндагиву фаъолияти сокинони он гардидааст.
Субҳи имрӯз мо дар маросими ба истифода супоридани як қатор иншооту биноҳои навбунёд иштирок намуда, бори дигар итминон ҳосил кардем, ки сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат дар тамоми гӯшаву канори мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Нуробод самараҳои нек ба бор оварда истодааст.
Ҳукумати кишвар ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар баробари андешидани чораҳои зарурӣ доир ба рушди тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба пешрафти ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Нуробод аҳаммияти хосса зоҳир намуда, дар ин ҷода ҳамаи тадбирҳоро амалӣ карда истодааст.
Натиҷаи ҳамин дастгириву ғамхориҳост, ки дар давоми бисту панҷ соли истиқлолият барои вусъати корҳои созандагӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Нуробод аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ қариб 800 миллион сомонӣ сарф шуда, илова бар ин, дар се соли оянда барои рушди ноҳия аз буҷети давлатӣ ҷудо намудани беш аз 230 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави ноҳия ба маблағи умумии қариб 425 миллион сомонӣ (баробар ба 53 миллион доллари амрикоӣ) 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаи барқарорсозии баъдиҷангӣ амалӣ шуда, айни замон татбиқи се лоиҳаи дигар идома дорад.
Бо мақсади ҳалли масъалаҳои гуногуни ноҳияи Нуробод ва бахусус, суръат бахшидан ба корҳои созандагиву ободонӣ амалисозии Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2013-2017 идома ёфта истодааст, ки дар доираи он татбиқи 189 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 200 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки беш аз нисфи аҳолии қобили меҳнати ноҳияи Нуробод дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият менамояд.
Шароит ва иқлими ноҳия барои парвариши картошка хеле мувофиқ буда, соли ҷорӣ кишоварзони ноҳия майдони кишти картошкаро ба 825 гектар расонидаанд ва тибқи таҳлилҳо ҳосили фаровон ба даст хоҳанд овард.
Кишоварзони ноҳия, махсусан, дар соҳаи боғпарварӣ таҷрибаи зиёд дошта, меваҳои хушлаззати ин мавзеъ ба бозорҳои пойтахт, минтақаҳои дигари кишвар ба фурӯш бароварда мешаванд, инчунин содирот мегарданд.
Занбӯриасалпарварӣ низ шуғли деринаи мардуми водии Рашт, аз ҷумла ноҳияи Нуробод буда, истеҳсоли он дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 11 тонна расонида шудааст.
Умуман, бо азму талоши кишоварзони ноҳия дар давоми 25 соли истиқлолият истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бамаротиб афзуда, танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 34 миллион сомонӣ баробар шудааст, ки дар муқоиса бо солҳои гузашта хеле зиёд мебошад.
Бо вуҷуди дастовардҳои зикршуда, таъкид менамоям, ки дар ноҳия ҳанӯз имкониятҳои боз ҳам афзоиш додани нишондиҳандаҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла мева, картошка ва рушди чорводорӣ мавҷуданд.
Дар ҳудуди ноҳия 7 коргоҳу корхонаҳои хурди саноатӣ оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, масолеҳи сохтмон ва ду нерӯгоҳи барқи обии хурд фаъолият дошта, истеҳсоли маҳсулотро торафт афзоиш намуда истодаанд.
Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ дар 10 соли охир бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба соҳибкорон ва сокинони ноҳия беш аз 70 миллион сомонӣ қарз додаанд.
Дар ин ҷода, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар вазорату идораҳоро зарур аст, ки доир ба таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаҳои коркарди маҳсулот ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Тавре ки маълум аст, пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлату ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, пеш аз ҳама, тавассути соҳаи маориф амалӣ мегардад ва ҳадафи асосии низоми маорифи кишвар низ таълиму тарбия ва ба камол расонидани насли фаъолу созанда мебошад.
Аз ин рӯ, масъалаи рушди мунтазами соҳаи маорифи кишвар дар мадди назари доимии давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дошта, мо солҳои охир ба хотири пешравии соҳа, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, сатҳи донишомӯзӣ ва вусъати ҷаҳонбиниву тафаккури хонандагон тамоми имкониятҳоро сафарбар карда истодаем.
Имрӯз дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Нуробод барои таълиму тарбияи насли наврас ҳамаи шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Танҳо соли ҷорӣ сохтмони се муассисаи таҳсилоти умумии нав дар деҳоти Ҳакимӣ ва Сафедчашмаи ноҳия ба итмом расонида мешавад.
Илова бар ин, дар маркази ноҳия, яъне шаҳраки Дарбанд сохтмони боғчаи бачагонаи дорои тамоми шароит барои 140 нафар аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба анҷом расонида шуд, ки мо чанд лаҳза пеш ба фаъолияти он оғоз бахшидем.
Мувофиқи маълумот дар 25 соли истиқлолияти давлатӣ маблағгузории соҳаи тандурустии ноҳияи Нуробод 240 баробар зиёд гардида, шумораи муассисаҳои тандурустии ноҳия ба 42 расидааст.
Бо вуҷуди ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ супориш дода мешавад, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таҳсил, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ ва идома додани корҳои созандагиву барқарорсозии муассисаҳои иҷтимоӣ чораҳои муассир амалӣ намоянд.
Дӯстони азиз!
Тавре иттилоъ доред, аз ҷониби Ҳукумати кишвар кӯчонидан ва дар мавзеъҳои мусоиди зист ҷобаҷо кардани сокинони ноҳия зина ба зина амалӣ шуда истодааст.
Тибқи нақшаи тасдиқшуда дар давоми солҳои 2009-2016 як қисми аҳолии ноҳия аз минтақаҳои зериобшавандаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Рӯдакӣ, Данғара ва шаҳраки Дарбанди ноҳия кӯчонида шуданд.
Дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод то имрӯз аз ҳисоби 359 оилаи кучонидашаванда ду маҳаллаи нав бунёд шуда, сокинон бо замин ва имтиёзҳои давлатӣ таъмин шуда истодаанд.
Дар баробари ин, танҳо соли гузашта ба 300 хоҷагӣ ва дар нимсолаи якуми соли равон ба 80 хоҷагӣ қарзҳои имтиёзноки бонкӣ ва кумаки яквақтаи моддӣ дода шудааст.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки пешрафту дастовардҳои ноҳияи Нуробод дар солҳои охир хеле назаррас буда, ҳамаи онҳо аз баракати сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва дар натиҷаи заҳмати софдилонаи сокинони ин гӯшаи биҳиштосои кишварамон муяссар шудаанд.
Итминон дорам, ки заҳматкашони ноҳияи Нуробод дар оянда низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз рӯзгори орому осуда барои боз ҳам вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ саъю талоши бештар хоҳанд кард.
Зеро ҳадафи ниҳоии мо ободу зебо гардонидани ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ва ба як кишвари пешрафта табдил додани Ватани азизамон мебошад.
Дар ин ҷода мо то имрӯз дар фазои сулҳу суботи комили кишварамон ва ба шарофати заҳмати содиқонаи мардумамон хеле нақшаву барномаҳои созандаро амалӣ намудем, ки дастовардҳои асосии раванди ободонии Ватанамон дар суханронии Роҳбари давлат ба ифтихори 25–солагии истиқлолияти давлатӣ баён шуданд.
Дар баробари ин, хотирнишон месозам, ки барои расидан ба мақсаду ҳадафҳои олиамон мо бояд боз бештар заҳмат кашем, дар шароити бисёр ноорому ҳассоси ҷаҳони муосир ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ ва зираку ҳушёр бошем, манфиатҳои давлату миллатро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем, ба таълиму тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ диҳем ва мардуми худ, махсусан ҷавононро аз таъсири манфии мафкураи бегона ва гурӯҳу ҳаракатҳои тундраву ифротгаро эмин нигоҳ дорем.
Ҳамаи шумо аз расонаҳои хабарӣ огоҳед, ки вақтҳои охир дар як қатор кишварҳои олам фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ торафт вусъат гирифта, дар натиҷаи амалиёти харобкоронаи онҳо ҳазорон нафар одамони бегуноҳ куштаву захмӣ шуда, миллионҳо нафар тарки Ватан карда, ҳатто давлатҳои мустақилу ором аз байн рафта истодаанд.
Боиси таассуф аст, ки баъзе ҷавонони ноогоҳи мо, аз ҷумлаи чандин нафар сокинони ноҳияи Нуробод ба чунин гурӯҳҳо пайваста, дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар иштирок карда истодаанд, яъне бо номи ислом дар ҳудуди давлатҳои исломӣ бар зидди мусулмонон гӯё мубориза мебаранд.
Падару модарони муҳтарам, шахсони обрӯманду зиёиён ва фаъолон бояд ба ҷавонон оқибатҳои нангини чунин роҳу рафторро фаҳмонанд ва ба онҳо ҳамеша талқин намоянд, ки шукронаи зиндагии орому осудаи Ватан, рӯзгори пур аз файзу баракати ҳар хонадони сарзамини аҷдодӣ ва давлати соҳибистиқлоли худро ба ҷо оранд.
Итминони комил дорам, ки кулли мардуми шарафманди ноҳияи Нуробод дар оянда низ рисолати муқаддаси худро ба хотири тақвияти иқтидори давлати миллиамон ва таҳкими пояҳои он содиқона иҷро карда, ҳамаи саъю талош ва ҳиммату ғайрати худро барои пешрафту ободии Тоҷикистони азиз, инчунин ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ сафарбар менамоянд.
Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар кулли мардуми заҳматпешаву меҳмоннавози ноҳияи Нурободро ба ифтихори 25 — солагии истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ, рӯзгори обод ва дар кору фаъолияти ҳаррӯзаатон барору комёбӣ орзумандам.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!