Президент

Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияи Лахш

Ҳамватанони азиз!

Нахуст аз ҳама, кулли мардуми заҳматкашу меҳмоннавози ноҳияи Лахшро ба ифтихори 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон табрик гуфта, барои дастгирии сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқона ба хурду бузурги ноҳия арзи сипос менамоям.

Мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолону сокинони ноҳияи Лахш

Дар ноҳияи Лахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоту суҳбати самимию созанда доир намуда, фаъолияти меҳнаткашонро давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ натиҷагирӣ карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми меҳнатқарини Лахш барои дастгирии сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқонаашон арзи сипос карда, ба ҳамаи онҳо саодату сарбаландӣ орзу намуданд.

Ба истифода додани бинои дуошёнаи истиқоматӣ дар маркази ноҳияи Лахш

Дар маркази ноҳияи Лахш, бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ як бинои дуошёнаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бинои мазкур аз 12 манзили як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат буда, барои афсарони қушунҳои сарҳадӣ ва дигар кормандони сохторҳои қудратӣ пешбинӣ гардидааст ва аз тӯҳфаи навбатии Пешвои миллат нисбати низомиён дониста мешавад.

Страницы