Сипас боздиди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Лахш бо ифтитоҳи роҳи марказии ноҳия, ки ба тозагӣ навсозӣ шудааст, идома ёфт.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масофаи ин роҳ беш аз 3 километрро дар бар гирифта, он дар муҳлати кӯтоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо харҷи 3 миллион сомонӣ азнавсозӣ карда шудааст.
Фармоишгари асосӣ барои таҷдиду барқарорсозии роҳи мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро роҳсозони ҶДММ «САЛОСА» ба анҷом расонидаанд.
Дар маросими ба истифода додани роҳи мошингарди марказӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, ҷиҳати азнавсозии роҳҳои боқимондаи ҳудуди ноҳияи Лахш, ки имрӯз ба таъмир ниёз доранд, ба масъулони сохторҳои дахлдор дастру супориш доданд.
Лозим ба ёдоварист, ки ин қитъаи роҳ аз ин пеш ҳолати ногувор дошт ва рафту омади ҳама гуна воситаҳои нақлиёт тариқи он ба мушкил сурат мегирифт. Акнун бо асфалтпӯш гардидани роҳи мазкур, ки бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуд, сокинони ноҳияи Лахш изҳори хушнудӣ намуда, анҷоми корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла таъмири роҳу пулҳоро роҳи расидан ба зиндагии аз ин ҳам хубтар арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин дар рӯзҳои таҷлил аз 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,5 километр роҳи мошингард, шуруъ аз гардиши деҳаи Қалъаи Занкон то дармадгоҳи маркази ноҳия баъди навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки дар зарфи панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети ноҳия роҳи байни деҳаи Майдонтерак то маркази ноҳия ба масофаи 3 километр асфалтпӯш ва ҳамчунин роҳи мошингарди байни деҳаи Янгишаҳр то маркази ноҳия ба масофаи зиёда аз 2 километр таъмиру барқарор ва мумфарш карда шуд.
Дар маҷмуъ давоми солҳои 2010-2015 беш аз 15 километр роҳҳои ҳудуди ноҳияи Лахш мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор гирифта, як пули мошингузар низ пурра таъмир карда шудааст.