Мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Муъминобод
Опубликовано пн, 03/10/2016 - 11:13 пользователем tvtДар ноҳияи Муъминобод пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқоту суҳбати самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқи ноҳияро давоми 25 соли соҳибистиқлолии кишвар таҳлилу натиҷагирӣ намуда, барои идомаи тадбирҳо баҳри расидан ба ҳадафҳои созанда ба фаъолон дастуру ҳидоятҳо доданд.