Шиносоии Сарвари давлат аз боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Хоҷаи нур» ва намоиши дастовардҳои мардуми ноҳияи Муъминобод
Опубликовано пн, 03/10/2016 - 10:09 пользователем tvtДар ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Хоҷаи нур» дидан намуданд ва дар ҳамин ҷо бо намоиши дастовардҳои мардуми ноҳия ошноӣ пайдо карданд.
Аҳли заҳмати ноҳияи Муъминобод маҳсули дастранҷи худро, ки намунаҳое аз ҳунару маҳорати кадбонуҳои ноҳия, файзу баракати замини ҳосилхези ин диёр буд, ба намоиш гузоштанд.