Шиносоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб
Опубликовано вт, 04/10/2016 - 11:57 пользователем tvtАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ҳамзамон аз ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб шинос шуданд.
Дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ва атрофи он 3 адад сой мавҷуд ҳаст, ки ҳангоми боришоти зиёд ва омадани сел эҳтимоли ба хоҷагии халқи вилоят расонидани зарар вуҷуд дорад.