Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Меҳнатободи ҷамоати ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ташриф оварда, нахуст дар маросими ба истифода додани варзишгоҳ ва майдони корти теннис иштирок намуданд.
Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муҳайёгашта дар майдони корти теннис, ки бо маблағгузории соҳибкори ватанӣ Авазхон Кабиров бунёд гардидааст, дидан карда, барои амалӣ кардани иқдоми мазкур ба ин соҳибкори ташаббускор арзи сипосу миннатдорӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки иншооти мазкур дар муҳлати кӯтоҳ бо харҷи 320 ҳазор сомонӣ сохта шуда, дар он барои машғул шудани наврасону ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.
Дар расми ба истифода додани варзишгоҳ барои 5 ҳазору 260 ҷойи нишаст ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки ин иншооти муҳташами варзишӣ низ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Авазхон Кабиров бо харҷи 1,2 миллион сомонӣ сохта шуда, барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналимлалӣ оид ба футбол ва машқу тамрини наврасону ҷавонон басо ҷойи мувофиқ мебошад.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки минбаъд дар ин ҷо мусобиқаҳои сатҳи баланд аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш доир мешаванд ва ҳамзамон ҷавонону наврасони ноҳия ба машқу тамрин машғул шуда, малакаи варзишии худро баланд мебардоранд.
Ҳамин буд, ки дар рӯзи аввали ба истифода додани варзишгоҳ даври ниҳоии мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол «Туби чармин» миёни дастаҳои ноҳияҳои Восеъ ва Фархор доир гардид, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ нахустин тамошобини ин чорабинии варзишӣ буданд.
Иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур тибқи лоиҳа асосан аз тарафи ширкату мутахассисони ватанӣ ба сомон расонида шудааст.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи варзишгоҳи боҳашаматро пеш аз ҳама барои рушди варзиш ва солимии ҷомеа дар ноҳия ва минтақа муҳим арзёбӣ карда, дар рӯзҳои таҷлил аз 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфаи арзанда маънидод намуданд.
Зимни ифтитоҳи ин ду иншооти варзишӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ҳам варзишгоҳ ва ҳам майдони корти теннис беш аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.