Президент

Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон

 Баъд аз анҷоми сафари корӣ ва ифтитоҳи як қатор иншоот дар ноҳияи Муъминобод имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд.

Меҳмони олимақом, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва сокинони ноҳия дар ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо шодиву нишоти беандоза ва эҳтироми хос нисбат ба раҳбару Пешвои ояндасози хеш гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Мӯъминобод

Ҳамватанони азиз!

Имсол барои мардуми куҳанбунёди тоҷик соли воқеан таърихӣ мебошад. Сокинони мамлакат муқаддастарин рӯйдоди давраи нави таърихи давлатдории миллӣ — биступанҷсолагии ба даст овардани истиқлолияти давлатиро ҳамчун рамзи озодӣ, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи бақои давлат ҷашн гирифтанд.

Ба истифода додани бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Муъминобод

 Имрӯз дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Мӯъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иштирок карданд.

Баъди буридани лентаи рамзӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити корӣ дар бинои нав шинос шуданд.

Бино аз 3 ошиёна иборат буда, он бо маблағи 2 миллиону 154 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Страницы