Президент

Ифтитоҳи Маҷмааи Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Кӯлоб имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ дар расми ифтитоҳи Маҷмааи Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Гузоштани санги асоси бунёди меҳмонхонаи муосири баландошёна дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб

Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб ба бунёди як меҳмонхонаи муосири баландошёна  санги асос гузоштанд.

Маҷмааи меҳмонхона аз дувоздаҳ ошёна ва таҳхона  иборат буда ошёнаи аввал барои бунёди Маркази маданияти кӯдакону наврасон, Маркази зебоӣ, толори фӯруши маҳсулотҳои дастӣ аз қабили чакану  зардӯзӣ ва дигар марказҳои савдою тарабхона пешбинӣ шудааст.

Гузоштани санги асоси сохтмони бинои минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб

Дар маҳаллаи Ориёнои шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба корҳои сохтмони бино ва иншооти қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб оғози расмӣ бахшиданд.

Страницы