Омӯзгорону устодони муҳтарам!
Падару модарон ва шогирдони азиз!
Сараввал ҳамаи шуморо бори дигар ба ифтихори 25-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон, ки чанд рӯз пеш аз ҷониби мардуми шарафманди кишвар бо тантана таҷлил гардид, табрик мегӯям.
Истиқлолият барои миллати мо дастоварди беназир ва неъмати бебаҳост, зеро барои ноил гардидан ба ҳадафҳои олии мардуми кишварамон шароити мусоиди таърихӣ фароҳам овард.
Яъне дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони мо ба пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла рушди соҳаи илму маориф муваффақ гардид.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави шаҳри Кӯлоб 33 бинои нав ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои зиёда аз 10 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.
Аз ҷумла, дар панҷ соли охир дар ҳудуди шаҳр 8 бинои нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 3 ҳазор нафар хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Айни замон ҳамаи мактабҳои шаҳри Кӯлоб бо таҷҳизоту технологияҳои муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Мактабе, ки имрӯз дар маросими ифтитоҳи он иштирок менамоем, туҳфаи идонаи Ҳукумати мамлакат ба устодону шогирдон, падару модарон ва сокинони деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб дар соли биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатӣ мебошад ва ба ин муносибат хонандагону омӯзгорон ва аҳли маорифи шаҳр, инчунин падару модарон ва сокинони деҳоти Даҳанаро табрик мегӯям.
Муассисаи таълимӣ барои 1280 ҷойи нишаст сохта шуда, дорои синфхонаҳои барҳаво, утоқҳои фаннӣ, ду китобхона, толору майдони варзишӣ ва маҷлисгоҳ мебошад.
Ҳамчунин, имрӯз аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар маҳаллаи Умари Хайёми шаҳр боз як мактаби дигар барои 1280 нафар хонандагон ба истифода дода мешавад.
Яъне дар як рӯз барои беш аз дуюним ҳазор нафар наврасони хушбахти шаҳри Кӯлоб мактабҳои нави муҷаҳҳаз бо тамоми шароити ҳозиразамон ба истифода супорида мешавад.
Ҳамзамон бо ин, дар деҳоти Зарбдор сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23 ва дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29-и деҳоти Зиракӣ бунёди бинои иловагӣ идома дорад, ки вақтҳои наздик ба истифода дода мешавад.
Мо минбаъд низ барои таълиму тарбияи наслҳои ояндасози миллӣ тамоми шароити мусоидро фароҳам оварда, мактабҳои замонавӣ бунёд мекунем ва барои донишомӯзии фарзандонамон имкони боз ҳам бештар муҳайё месозем.
Дар навбати худ, устодону омӯзгорон ва падару модаронро зарур аст, ки ба сатҳу сифати таълиму тарбия эътибори ҷиддӣ диҳанд, ба фарзандон донишҳои замонавиро омӯзонанд ва ҷиҳати ташаккули ҷаҳонбинӣ ва маърифати насли наврас саъю талоши бештар намоянд.
Хонандагон низ вазифадоранд, ки аз ин шароиту имконияти барояшон муҳайёгардида самаранок истифода карда, кӯшиш намоянд, ки донишҳои муосирро аз бар карда, дар оянда ҳамчун кадрҳои замонавӣ ба камол расанд.
Як омили муҳимми саводнокии хонандагон дар сатҳи аъло донистани забони модарӣ ва хуб аз худ кардани забонҳои хориҷӣ мебошад.
Бори дигар ёдовар мешавам, ки донистани забонҳои хориҷӣ ба ташаккул ва тавсеа ёфтани мафкураву ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон мусоидат мекунад ва барои онҳо дар самти азхудкунии техникаву технологияҳои навтарин, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ роҳи васеъ мекушояд.
Дар соли хониши 2015-2016 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Кӯлобро зиёда аз сеюним ҳазор нафар хонандагон хатм намудаанд, ки 2 ҳазору 800 нафари онҳо дар Маркази миллии тестӣ аз қайд гузашта, 1650 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат дохил шудаанд.
Ин рақам 46 фоизи довталабонро ташкил медиҳад, ки ҳоло ҳам қонеъкунанда нест.
Аз ин рӯ, омӯзгорон ва масъулини соҳаи маорифи шаҳр бояд фаъолияти худро дар ин самт боз ҳам тақвият бахшида, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълим мунтазам кӯшиш намоянд.
Ҳамчунин, падару модарон низ вазифадоранд, ки ба таълиму тарбияи фарзандони худ нафақат дар давраи омодагӣ ба имтиҳоноти дохилшавӣ, балки аз хурдсолии онҳо машғул шаванд, яъне ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон ҷиддӣ муносибат кунанд ва барои босаводу соҳибмаърифат шудани онҳо ҳеҷ чизро дареғ надоранд.
Чунонки ҳангоми суханронии худ ба муносибати Рӯзи дониш таъкид намудам, соҳаи маориф минбаъд низ ҳамчун соҳаи муҳим ва омили асосии таъмини амнияти миллӣ боқӣ мемонад.
Ғамхориву дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат доир ба рушди соҳаи маориф ҳар як корманди соҳа, пеш аз ҳама, устодону омӯзгорон, инчунин падару модаронро водор месозад, ки ба таълиму тарбияи насли наврас диққати ҳамаҷониба дода, барои ояндаи неки насли ҷавон, яъне фардои ободу осудаи ҷомеа заминаи боэътимод гузоранд.
Ҳамчунин, устодону омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо ҷалби ҳарчи бештари падару модарон ва фаъолону зиёиён корро дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» беҳтар ба роҳ монанд.
Дар робита ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки таълиму тарбияи наслҳои ояндасози миллат вазифаи ҳар кадоми мост.
Агар мо хоҳем, ки оянда Ватанамон ободу зебо ва Тоҷикистони азизамон дар қатори кишварҳои пешрафта қарор дошта бошад, бояд ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас бо камоли ҷиддият ва масъулият муносибат кунем.
Фарзандони худро тавре тарбия намоем, ки ба омӯхтани илму дониш майлу рағбати доимӣ дошта бошанд ва ҳамчун насли соҳибмаърифату забондон, дорои ҷаҳонбиниву тафаккури васеъ ва мисли падару бобоёни шарафманди худ шахсони ватандӯсту ватанпараст ба воя расанд.
Дар фарҷом, бори дигар ҳамаи шумо, ҳозирини муҳтарам ва кулли мардуми бонангу номус ва сарбаланди шаҳри Кӯлобро ба ифтихори биступанҷсолагии соҳибистиқлолии кишвари азизамон ва Рӯзи забони давлатӣ, инчунин, ба муносибати ифтитоҳи мактаби нав табрик гуфта, бароятон бахту саодат, рӯзгори обод ва дар кору фаъолияти ҳаррӯзаатон ба нафъи халқу Ватани азизамон комёбиҳо орзу менамоям.
Бигзор осмони соф ва сулҳу осоиш дар хонадони ҳар як сокини кишварамон пойдор ва ваҳдати милливу истиқлолияти давлатӣ абадан устувор бошад!
Ҳамеша хонаи обод ва баракати рӯзгор насибатон гардад!