БАХШИДА БА СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Намояндагони расонаҳои хабарӣ бо корхонаи маъдантозакунии «ТАЛКО Голд» дар мавзеи Кончоч шинос гардиданд
Опубликовано вт, 03/10/2023 - 15:26 пользователем tvt«Ҷиҳати татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – саноатикунонии босуръати мамлакат дар ҳашт моҳи соли равон Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи /ҶСП/ «ТАЛКО Голд» ба маблағи беш аз 242,5 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол ва зиёда аз 52,7 миллион сомонӣ ба буҷети давлат андоз пардохт намуд»- чунин иттилоъ дода шуд ба намояндагони воситаҳои ахбори омма зимни сафари ҳайати рӯзноманигорон ба корхонаи маъдантозакунии «ТАЛКО Голд», воқеъ дар шимоли Тоҷикистон -мавзеи Кончоч