Хабар

Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ бо се медал байни 45 давлат дар ҷойи 12-ум қарор дорад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ, ки дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин идома дорад, аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо бо касби се медал (як тилло, як нуқра ва як биринҷӣ) дар байни 45 давлати иштироккунанда дар ҷойи 12-ум қарор дорад.  

«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ 30 сентябр ба анҷом мерасад

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» идома дорад.  

Довталабон аз рӯи номинатсияҳои сарояндагӣ, композиторӣ ва навозандагӣ баромад менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуданд

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд.

Страницы