Ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Опубликовано пн, 09/10/2023 - 11:09 пользователем tvtТибқи тавофуқи дуҷониба, аз 3 октябр то 7 октябри соли 2023 дар шаҳри Бодканди вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.
Гурӯҳҳои кории топографӣ 43,32 километр сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа намуданд.