Хабар

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ масъулинро барои самарабахш гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон вазифадор намуданд

 Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 10 октябр зимни баргузории иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва ташкилоти пойтахтро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳри Душанбе барои фаъолияти муназзам ва самарабахш дар мавсими сармо  тадбирҳои зарурӣ андешанд.  

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар 15 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ иҷро шудааст

Вобаста ба татбиқи амалии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таввалуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» аз якуми октябри соли равон чорабиниҳои даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат муташаккилона оғоз ёфтанд.  

ҶАШНИ МЕҲРГОН. Дар Душанбе 15 октябр Иди Меҳргон бо шукуҳи хосса таҷлил мегардад

15 октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе Иди Меҳргон дар якҷоягӣ бо Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал, Фестивал-намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Страницы