Хабар

СИНАМОҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ «ТОҶИ СОМОН». Оид ба он таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласа доир шуд

Рӯзҳои наздик дар Душанбе нахустин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» баргузор мегардад. Дар робита ба ин, таҳти раёсати  муовини  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи тадорукот Матлубахон Сатториён ҷаласаи тадорукоти ин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ доир шуд. 

Дар ҷаласа натиҷагирӣ аз ҷараёни омодагиҳо ба баргузории ин Синамоҷашнвораи якуми байналмилалӣ ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ шуданд.

Дар Душанбе бахшида ба бузургдошти 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ Симпозиуми байналмилалии илмӣ оғоз гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба бузургдошти 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ таҳти унвони «Абурайҳони Берунӣ – кашшофи асрори табиат» дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО Симпозиуми байналмилалии илмӣ оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳадаф аз баргузории симпозиум — баррасии ҳамаҷонибаи ҷанбаҳои таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии осори Абурайҳони Берунӣ ва саҳми ӯ дар тамаддуни башарӣ мебошад.

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. Ҷазо барои идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона пурзӯр карда шуд

Минбаъд ҷазо барои идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона ва ё барои идора ба шахси дигар додани чунин воситаи нақлиёт, инчунин ба шахси дигар додани рақами қайди давлатӣ пурзӯр карда мешавад, яъне таъйин намудани ҷарима ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора намудани воситаи нақлиёт ба муҳлати як сол пешниҳод шудааст.

Страницы