Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор ҶДММ «Маркази тиббии Саломат»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Опубликовано чт, 19/10/2023 - 11:43 пользователем tvt19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ҶДММ «Маркази тиббии Саломат»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
«Маркази тиббии Саломат» бо мақсади расонидани кумаки ташхисию табобатӣ ба сокинон бо истифода аз таҷҳизоти муосир аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Азиза Умарова бунёд гардидааст.