Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара корхонаи навбунёди ҶДММ «Оксус Интеразия»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Опубликовано пт, 16/05/2025 - 14:38 пользователем tvtДУШАНБЕ, 16.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара корхонаи навбунёди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Оксус Интеразияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.