Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Опубликовано пн, 19/10/2026 - 14:35 пользователем tvtДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

